Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ӯзбекистони дӯст Пешвои миллатро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимонаю бародарона табрик гуфта, ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намуданд.
Дар ин зимн муҳтарам Шавкат Мирзиёев хизматҳои шоистаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди мардуми сарбаланди Тоҷикистон таъкид карданд.
Дар рафти суҳбат ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти равобити дустӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду кишварро, ки пояи боэътимоди рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд, ба таври хосса таъкид намуданд.
Дар рафти суҳбат Президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
АМИТ «Ховар»