Варзишгарони тоҷик то охири соли равон дар 10 мусобиқа ва чемпионатҳои ҷаҳонӣ ширкат меварзанд

ТВТ.22.08.2022.  Варзишгарони тоҷик то охири соли равон дар 10 мусобиқа ва чемпионатҳои ҷаҳонӣ аз рӯи намудҳои дзюдо, қаиқронӣ, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, варзиши сабук, таэквандо ва бокс иштирок менамоянд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.

Варзишгарони тоҷик аз 2 то 9 октябр дар чемпионати ҷаҳон доир ба дзюдо, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

«Ҳамзамон аз 21 то 23 октябр варзишгарони мо дар мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонии дзюдо -Гран Слам, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад, Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Баргузории мусобиқаи бонуфузи Гран Слам то охири соли равон дар дигар давлатҳо низ дар назар дошта шудааст, ки варзишгарони тоҷик дар онҳо ширкат менамоянд. Аз ҷумла, баргузории ин мусобиқа аз 4 то 6 ноябр дар Озарбойҷон, 3-4 декабр дар Ҷопон дар назар буда, варзишгарони тоҷик дар онҳо ҳунарнамоӣ менамоянд»,-гуфт Ҳалимҷон Набизода.

Зикр шуд, ки аз 10 то 18 сентябри соли равон дар Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор мегардад, ки варзишгарони мо дар он Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Инчунин 7-16 сентябр дар мусобиқаи байналмилалии бокс, ки дар ИМА баргузор мегардад, варзишгарони тоҷик ширкат намуда, Тоҷикистонро намояндагӣ менамоянд.

Ба зикри сардори шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода, инчунин то охири сол чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз рӯи дигар намудҳои варзиш ва варзиши ғайриолимпӣ баргузор мегарданд. Вобаста ба ворид гардидани низомномаҳои онҳо Кумита дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ дастаи мунтахабро интихоб намуда, ба ин мусобиқаҳо сафарбар менамояд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: