Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон-2019 оид ба самбо 6 медал ба даст оварданд

Аз 11 то 13 октябр  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд. Дар ин бора  намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар чемпионати мазкур 370 нафар варзишгар аз 28 давлат- Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Беларус, Украина, Россия, Булғористон, Латвия, Литва, Венесуэла, Индонезия, Испания, Колумбия, Марокаш, Мексика, Муғулистон, Германия, Руминия, Сербия, Фаронса, Филиппин, Ҷумҳурии Доминикан ва Юнон ширкат карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 16 нафар – 9 нафар миёни наврасон, 7 нафар миёни ҷавонон бо роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов дар чемпионат ширкат намуда, ба гирифтани 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ даст ёфтанд.

Медали тиллоро Муҳаммадшариф Наҷмуддинов дар вазни -74кг миёни ҷавонон ба даст овард. Ҳамчунин Аминҷон Холов дар вазни -48кг, Сомон Сангов дар вазни -52кг ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф шуданд.

Миёни наврасон медалҳои биринҷиро варзишгарони мо Бузургмеҳр Исоев дар вазни -60кг, Субҳиддин Халилзода дар вазни -70кг ва Муҳаммадҷон Одинаев дар вазни -87кг ба даст оварданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: