Варзишгарони беҳтарини соли 2019 муайян карда мешаванд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи номинатсияҳои «Варзишгари беҳтарини соли 2019», «Беҳтарин дастаи варзишӣ», «Мураббии беҳтарин», «Мактаби варзишии беҳтарин»,  «Беҳтарин Федератсияи миллии варзишӣ» (аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ), «Довари варзишии беҳтарин», «Беҳтарин иншооти варзишӣ», «Шаҳри (ноҳияи) беҳтарини варзишӣ», «Беҳтарин ВАО дар соҳаи варзиш» ва «Беҳтарини шореҳи варзишӣ» дар соли 2019  миёни варзишгарон  озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд.

Озмуни мазкур барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш эълон шуда, мақсад аз он  дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ, гиромӣ доштани дастовардҳои варзишгарон ва мураббиёни онҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Озмун охири соли равон ҷамъбаст гардида, ба беҳтаринҳо мукофоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супорида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати варзишии мамлакат ҳамасола озмунҳои мазкурро бо доираи васеи варзишгарон ва масъулини соҳаи варзиш  доир менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: