Дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бо тарҳу сохти замонавӣ қомат афрохтааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и ноҳияи Ховалинг пешниҳод гардида, корҳо ба тариқи ҳашар иҷро гардидаанд.
Бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, иншооти мазкур дорои имконоти муосири фаъолият мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат аст ва шароити хуби кориро ба кормандони Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ фароҳам меорад. Дар ошёнаи 1-ум утоқҳои корӣ ва дар қабати дуюм маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир карда шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ҳуҷраҳои корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияту хизматрасонӣ ба сокинон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг сокинон ва кормандони ҷамоатро ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот табрику таҳният гуфта, онҳоро барои татбиқи босамари сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои садоқатмандонаи масъулияти базиммадоштаашон ҳидоят намуданд.
АМИТ «Ховар»