Вакили мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод нуктаҳои асосии Паёмро шарҳ дод

Дар маркази ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асозода ва гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати баррасии нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ҷамоат вохӯрӣ баргузор гардид. 
Дар ҷамъомад меҳмонон оид ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саривақтӣ буда, сиёсати берунию дохилии кишварро дар бар мегирад, сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки Паёми имсола ҳадафҳои асосии стратегияи давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, суботи сиёсию иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллиро дар бар гирифта, барои сокинони мамлакат дастурамали муҳими фаъолият маҳсуб мешавад.

Tags: