Туҳфаи Пешвои миллат-шоҳасари «Тоҷикон» ба ноҳияи Шуғнон расид

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз оғози  моҳи декабр тақсими китоби «Тоҷикон» аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. Ин навбат гурӯҳи корӣ  бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ  Собирзода  туҳфаи Пешвои  миллатро  ба сокинони  ноҳияи Шуғнон дастрас намуданд.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  сокинони ноҳияи Шуғнон аз  тақдими туҳфаи Пешвои миллат шоду мамнун гашта, ба Сарвари давлат барои роҳандозӣ намудани  чунин иқдоми наҷиб изҳори сипос намуданд.

«Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Пешвои миллат ба ҳар хонавода тақдим гардидани   китоби «Тоҷикон» басо рамзист. Ин амал бори дигар моро ба дӯст доштани сарзамин, нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ ва рӯ овардан ба маърифат ҳидоят менамояд»,-  иброз доштанд онҳо.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷараёни сафари корӣ  аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дидан намуда,  бо омӯзгорон дар мавзӯи баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва ба китобхонӣ ҷалб намудани онҳо суҳбат намуд.

«Обрӯ ва нуфузи омӯзгор дар ҷомеа имкон медиҳад, ки  дар рушди  давлатдорӣ  саҳми намоён  гузорад. Ояндаи дурахшони кишвар аз меҳнати содиқона ва фидокоронаи мо, омӯзгорон вобастагии зич дорад»,- таъкид намуд Нуралӣ  Собирзода.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: