«Тоҷиксуғурта» ба беш аз 5 ҳазор нафар зарардидагон ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд

Новобаста ба таъсири паҳншавии сирояти нави коронавирус COVID-19 дар шашмоҳаи якуми соли равон  кормандони корхона кӯшиш ба харҷ доданд, ки бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ 301 ҳазору 689 адад шартномаҳои суғуртавӣ ба имзо расонанд. Корхона дар давраи ҳисоботӣ ба 5 ҳазору 439 нафар зарардидагон ҷуброни суғуртавиро ба маблағи умумии 2422,2 ҳазор сомонӣ пардохт намуд. Ин рақам 17,4 фоизи маблағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгардидаро ташкил дода, 441, 5 ҳазор сомониаш аз ҳисоби шакли ҳатмии суғурта ва 1980,7 ҳазор сомониаш аз ҳисоби шакли ихтиёрии суғурта мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев ба рӯзноманигорон хабар дод. 

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки саҳми филиалҳои корхонаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пардохти ҷуброни зарар нисбат ба маблағи умумии пардохтгардида чунин аст: дар вилояти Суғд 5,9 фоиз, вилояти Хатлон 27 фоиз, ВМКБ 13,7 фоиз, шаҳру ноҳияҳои Душанбе 17,3 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 34,6 фоиз ва ба дастгоҳи марказии корхона 0,7 фоиз.

Нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 маблағи товони зарар ҳамагӣ 13 400 сомонӣ бештар мебошад.

Дар ин давра корхонаи мазкур ба буҷети ҷумҳурӣ,  дар маҷмӯъ 2978, 8 ҳазор сомонӣ пардохт намуд, ки аз ин 440,3 ҳазор сомониро 70 фоизи ҳиссаҷудокуниҳо аз суғуртаи ҳатмии хизматчиёни давлатӣ, 276,1 ҳазор сомониро 70 фоизи ҳиссаҷудокуниҳо аз суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 866,3 ҳазор сомониро андозҳо ва 1396,1 ҳазор сомониро пардохтҳои фонди ҳифзи иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: