Масъалаҳои омӯзиш ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Гурҷистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зураб Абдушелишвили мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Сафири Гурҷистон дар Тоҷикистон ба ислоҳот дар соҳаи сайёҳӣ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд ва тамоюли рушди соҳа дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Аз ҷумла, сайёҳии экологӣ, сайёҳии кишоварзӣ, омода намудани шарбату нӯшокиҳои аз лиҳози экологӣ тоза ба сайёҳон, рушди сайёҳии деҳот, ташкили меҳмонхонаҳои хурди қабули сайёҳон дар минтақаҳои кӯҳӣ барои ҳарду кишвар ҷолиби диққат буда, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ба рушди соҳа боз ҳам такон хоҳад бахшид.
Дар ин ҷода ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самтҳои зикршуда ҳамкории судманд байни ниҳодҳои сайёҳии Тоҷикистону Гурҷистон ба роҳ монда мешавад.
АМИТ «Ховар»