Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 200 миллион метри мукааб гази табиӣ мехарад

Соли 2020    Тоҷикистон ният дорад, ки аз ҳамсоядавлати Ӯзбекистон 200 миллион метри мукааб гази табиӣ  харидорӣ намояд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали  Директори генералии  ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимзода хабар дод.

Ба иттилои номбурда, дар айни ҳол оид ба ин масъала гуфтушунид идома дошта, умед аст, ки он ҳалли худро меёбад.

«Соли 2019 Тоҷикистон дар ҳаҷми 140 млн метри мукааб ба маблағи 17,7 млн доллар аз Ӯзбекистон гази табиӣ харид, ки нисбат ба соли 2018  2,6  маротиба зиёд аст. Соли 2018 аз ин давлат 54,6 млн метри мукааб гази табиӣ ба маблағи 6,9 млн доллар ба Тоҷикистон интиқол дода шуд», — илова намуд Шавкат Шоимзода.

Ба гуфтаи номбурда, истеъмолгарони асосии гази табиии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳамоно корхонаҳои азими саноатӣ ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошанд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1» бо тавоноии 60 мегаватт фаъолият намуд, ки истифодаи гази табиӣ нисбатан кам буд. Соли 2019 тавоноии марказ ба 90 мегаватт бардошта шуд, ки истифодаи гази табиӣ низ зиёд шуда, 108 млн метри кубиро ташкил дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: