Тобистони гарм зимистони сард дар пай дорад

Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз меъёр зиёд гармшавии ҳарорати ҳаво аз он дарак медиҳад, ки гармшавии глобалӣ дар ҷаҳон торафт дар ҳоли болоравӣ буда, ин раванд метавонад оқибатҳои ҷиддӣ ва манфии худро ба сайёраи замин ва системаи экологӣ гузорад.
 Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои коҳиши раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои он мавқеи устувор нишон дода, ҳамвора бо пешниҳоду  таклифҳои созандаи худ дар самти ҳалли масоили вобаста ба гармшавии иқлим нақши босазо мегузорад. Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим, ки  30 ноябри соли 2015 дар Париж баргузор гардид,  бори дигар гувоҳи ин гуфтаҳост.
 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гармшавии ҳарорати ҳаво асосан тобистон ҳангоми кам шудани боришот, зиёд гардидани нурҳои офтоб, афзудани туғёни дарёҳо мушоҳида мешавад. Ин гармшавӣ, аз ҷумла обхезӣ, сӯхтор, хушксолӣ ва ғайраро дар пай дорад. Аз ҷумла, ҳарорати баланди ҳаво, ки дар Тоҷикистон тӯли чанд моҳ мушоҳида шуд, гардиши массаи ҳаворо ба вуҷуд наоварда, сабаби обшавии аз андоза зиёди пиряхҳо ва  фаромадани сел ба деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз гардид, ки зарари зиёди иқтисодию экологӣ дар пай дошт.
Ин гуна ҳарорати баланди ҳаво дар кишвар то охири моҳи август  идома ҳоҳад ёфт. Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Ба гуфтаи ў, пастшавии муваққатии ҳарорати ҳавои кишвар то 6 август идома ёфта, сипас ҳарорат дубора баланд хоҳад шуд. «Ҳолати ба ин монанд дар ҷумҳурӣ дар соли 2015 низ ба чашм расида буд»,-зикр намуд ӯ.

Ҷамила Байдуллоева иброз дошт, ки одатан иқлими тобистонаи Тоҷикистон гарм ва хушк аст, аммо имсол шурӯъ аз моҳи май ҳарорати ҳаво ғайричашмдошт якбора баланд гардид. «Каманд солҳое, ки дар Тоҷикистон дар фасли тобистон ҳаво муътадилу сард бошад. Одатан дар тобистон дар бештари ноҳияҳо ҳарорат аз + 40 болост. Вале соли равон гармии ҳаво аз меъёр зиёд ва давомдор ба назар расид, ки ин гуна ҳолат боиси нигаронист»,-изҳор дошт ў.

 Мутахассиси соҳаи ҳавосанҷӣ яке аз сабабҳои асосии ин ҳолатро дар оҳиста — оҳиста иваз шудани қутбҳои магнитии замин, ки мувозинати иқлимро тағйир медиҳанд, мебинад. Агар хати майдони магнитии Замин ба тағйироти шабонарӯзӣ дучор гардад, тӯфони магнитӣ ба вуҷуд омада, ба табиат таъсири манфии худро мерасонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳои худ зикр намуда буданд, ки тобистони хушк ва гарм ба зимистони сард ва сербарф оварда мерасонад. «Дар ин гуфтаҳои Пешвои миллат ҳақиқат  ҳаст. Ва бояд гуфт, ки мо одатан пешгўии боду ҳавои кишварро барои фасли зимистон моҳи ноябр дар якҷоягӣ бо ҳамкоронамон аз Россия омода месозем. Ҳоло вақт ҳаст. Ва мо пайваста боду ҳаворо назорат мекунем»,-изҳор дошт Ҷ.Байдуллоева.

 Ба гуфтаи мутахассисон, зиёдшавии партовҳои газҳои парникӣ ва болоравии консентратсияи ин газҳо дар фазои атмосфера омилҳои асосии пайдоиши гармшавии глобалӣ ба шумор мераванд. Дараҷаҳои муайяни фаъолияти антропогенӣ дар пайдоиши тағйирёбии иқлим бо буридани ҷангалзор, сӯхтани маводи сӯзишворӣ ва тағйир додани истифодаи замин таъсири асосӣ мерасонанд. Ҳамчунин гармшавии ҳарорат дар ноҳияҳои гарм ва камбориш боиси хушксолӣ ва камҳосилии маҳсулоти заминҳои хоҷагии қишлоқ мегардад.

 

кишоварзи 2Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз лиҳози истеҳсоли маҳсули кишоварзӣ ҳамчун кишвари агарарӣ маҳсуб мешавад, аз меъёр зиёд гармшавии ҳарорати ҳаво метавонад боиси пайомадҳои манфие дар ин самти кор гардад. Ба гуфтаи Саидҷамол Саидов, ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гармшавии иқлим дар тамоми сайёраи замин таъсири манфии худро ба ҳама соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ расонида истодааст, ки таъсири онро кишоварзони кишвар низ мушоҳида доранд. Аз ҷумла, гармии моҳҳои охир боиси камҳосилии маҳсулоти кишоварзӣ, дар мисоли картошка, пахта ва помидор гардидааст. «Аз меъёр зиёд гармшавӣ дар соли равон боиси кам гардидани ҳосилнокии картошка гашта, ба баландшавии нархи он дар бозорҳои ҷумҳурӣ оварда расонд. Ҳамчунин нодуруст ба роҳ мондани корҳо дар самти парвариши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзон метавонад боиси талафоти зиёди маҳсулот гардад. Дар баробари ин олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тобоварии маҳсулоту зироат ба ҳама гуна шароити номусоид, аз ҷумла гармӣ дар мисоли якчанд навъи гандум ва сабзавот, аз ҷумла  картошкаи навъҳои «Тоҷикистон», «Дӯстӣ», «Рашт» навъҳои наве офаридаанд, ки ин намудҳо ба ҳарорати баланд тобовар буда, дар ин самт корҳо идома доранд»,- зикр намуд Саидҷамол Саидов.

Ба зикри мавсуф, яке аз мушкилиҳои асосӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи гармии ҳаво- ин норасоии об аст, ки дар натиҷа метавонад таъсири манфии худро барои ба даст овардани маҳсулнокии баланд расонад. Баҳри пешгирии ин омил Саидҷамол Саидов тавсия медиҳад, ки кишоварзон бештар аз илм истифода бурда, онро дар истеҳсолот зина ба зина ҷорӣ намоянд. Дар ин ҷода Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ, олимони Академия, институтҳои соҳавӣ ҳамеша омодаанд, то ба кишоварзон тавсияҳо пешниҳод кунанд.

 Дар робита ба ин мавзӯъ корманди Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Дилором Раҳматова ба мо иттилоъ дод, ки дар мавсими гармшавии ҳарорати ҳаво муроҷиати шаҳрвандони кишвар оид ба сар задани мушкилиҳо дар кори  парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра зиёд ба назар мерасад. Мутахассисони ин ниҳод баҳри бартараф кардани ин мушкилиҳо пайваста бо кишоварзон вохӯриҳо гузаронида, тавсияҳои судманд пешниҳод менамоянд.

Ба андешаи Дилором Раҳматова, бояд кишоварзон аз тухмиҳои баландсифат ва тобовар ба шароити гармӣ, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа истеҳсол карда шудаанд, истифода намоянд. «Пеш аз он ки кишт мекунем, мо бояд тухмиро аз озмоиш гузаронем. Агар мо тухмии баландсифат дошта бошем, ҳосили баланд мегирем, зеро тухмии босифат 50 фоизи хосилнокии хубро ташкил медиҳад». Ба гуфтаи ӯ, тухмии босифат кам буда, ба ҳамаи майдонҳо намерасад. Аз ин рӯ ҳудуди 100-120 ҳазор тонна тухмии босифат лозим мешавад, то растании ба ҳама гуна омилҳои зарарнок тобовар парвариш намуда, маҳсулоти аълосифат ба даст орем.

 Дар ҳамин ҳол бинобар маълумоти Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ — июни соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 624 ҳазору 315 тонна ғалладона, 142 ҳазору 062 тонна картошка, 567 ҳазору 033 тонна сабзавот, 171 ҳазору 155 тонна маҳсулоти полезӣ, 77 ҳазору 342 тонна меваҷот ва 1564 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум ғалладонагиҳо 6,4 фоиз, сабзавот 17,9 фоиз, полезӣ 10,9 фоиз, меваҷот 11,4 фоиз ва ангур 4,6 фоиз зиёд буда, истеҳсоли картошка нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 21,9 фоиз кам шудааст.

 Пас метавон гуфт, ки дар шароити имрӯзаи глобалӣ ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти кам намудани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим аз ҳамаи мо талошҳои ҳарчӣ бештари дастаҷамъона, андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро тақозо менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН, АМИТ "Ховар"

Tags: