Тибқи супориши Президенти мамлакат 7 намуд лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии 2 ва 3 ошёна барои деҳотҷойҳо таҳия гардиданд

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола баён доштанд, бо мақсади бунёд кардани хонаҳои зебою замонавии истиқоматӣ 7 намуд лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии 2 ва 3 ошёнаро барои деҳотҷойҳо таҳия кард, ки айни замон дар баррасии Раёсати экспертизаи давлатӣ қарор доранд. Лоиҳаҳои мазкур барои корбарӣ ба сармеъморон ройгон пешниҳод карда мешаванд.

Дар ин бора Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода 17 июл зимни нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи аввали соли равон  ба  хабарнигорон маълумот  дод.

«Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба итмом расида, дар мувофиқасозӣ қарор дорад. Лоиҳаи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Фархор барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.  Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии маркази 63 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои дахлдор тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд», — афзуд Ҷамшед Аҳмадзода.

Таъкид гардид, ки   мутахассисони Кумита иҷрои банди 23-и  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  аз 20 январи соли 2014  таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар давраи ҳисоботӣ  сохтмони 29 иншооти бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ, 8 иншооти бе лоиҳаи корӣ ва 10 иншооти бе қарори раисони шаҳру ноҳияҳо оғозгардидаро  ошкор карда, шахсони ба қонунвайронкунӣ роҳ дода ба маблағи 28646,0 сомонӣ ҷарима  шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: