ТИБҚИ СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ дар сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад

ТВТ. 28.06.2022. Аз 23 то 28 июн гурўҳи кории Вазорати кишоварзӣ  таҳти роҳбари муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар  сафари корӣ қарор доранд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.

Гуфта шуд, ки зимни сафар,  гурўҳи корӣ дар  хоҷагиҳои деҳқонии вилоят  бо  ҳолати кишт, нашъу намои зироатҳо, таъмини оби полезӣ, кори техника,  мошинолот  шинос шуда, ба масъулин ва деҳқонони вилоят  ҷиҳати роҳандозии чорабиниҳои гуногун,  тақвияти фаъолияти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла  рўёндани ҳосили хуби маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин  истифодаи оқилонаи замин  дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара  18 июни соли 2022 баён доштанд, таҳти роҳбарии муовини Сарвазии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода ва Директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сафари корӣ анҷом дода истодаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: