Коргардонҳо

Сафарбек Раҷабзода

Сафарбек Раҷабзода 15-уми сентябри соли 1988 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Номбурда факултаи Математика-информатика Донишгоҳи ОмӯзгорииТоҷикистон ба номи С. Айниро хатм намудааст. Ӯ фаъолияти кориашро аз моҳи майи соли 2009 дар “Телевизиони Тоҷикистон" оғоз намуда, айни замон чун саркоргардони Идораи барномаҳои иттилоотӣ фаъолият дорад.Оиладор

Толибҷони Мирзоалӣ

Толибҷони Мирзоалӣ 29 -уми январи соли  1992 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Номбурда соли 2014 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси коргардон-наворбардор хатм намудааст.
Толибҷон фаъолияти кориашро соли 2014 ба ҳайси ёвари коргардон дар идораи барномаҳои иқтисодии 

Меҳрулло Муродуллозода

Меҳрулло Муродуллозода 22 - августи соли 1990 ба дунё омадааст.
Номбурда факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барномасоз хатм намудааст. Меҳрулло фаъолияти кориашро аз моҳи ноябри соли 2008 дар Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакону наврасон "Баҳористон" оғоз намудааст. Айни ҳол ҳамчун коргардони дараҷаи олии идораи барномаҳои сиёсии “Телевизиони Тоҷикистон” фаъолият дорад.