Меҳрулло Муродуллозода 22 - августи соли 1990 ба дунё омадааст.
Номбурда факултаи Механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барномасоз хатм намудааст.Меҳрулло фаъолияти кориашро аз моҳи ноябри соли 2008 дар Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакону наврасон "Баҳористон" оғоз намудааст. Айни ҳол ҳамчун коргардони дараҷаи олии идораи барномаҳои сиёсии “Телевизиони Тоҷикистон” фаъолият дорад. Меҳрулло коргардони барномаҳои "Меҳвари сиёсат", "Қонун", "Аз паём", "Мизони қонун" ва "Парламент" мебошад. Ӯ дар давоми фаъолияти кориаш аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио бо ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шудааст.