Ёвон

Пешвои миллат: «Дар замони истиқлолият дар ноҳияи Ёвон 66 бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд»

Дар замони истиқлолият бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Ёвон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 66 бинои нави таълимӣ барои 48 ҳазор нафар хонанда ба истифода дода шудааст.

Дар рӯзи якуми даъвати ҳарбӣ дар Ёвон зиёда аз 40 нафар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд

Артиши миллии мамлакат таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои мушкилро паси сар карда, имрӯз ба иқтидори бузургу боэътимод табдил ёфтааст.

Ёвон: ба 400 нафар хонандагони ятиму камбизоат либосҳои мактабию лавозимоти дарсӣ тақдим гардид

Бо мақсади таъмини хонандагон бо  либоси ягонаи мактабии истеҳсоли коргоҳҳои ватанӣ  82 адад муассисаҳои  таълимии ноҳияи Ёвон бо корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии ҶСК «Бофандаи Норак», ҶСК «Раббонӣ» ва КВД «Маркази ҷавонон» шартномаи дутарафа баста, то имрӯз 13 ҳазору 273 нафар хонандагонро бо либоси мактабӣ таъмин намудаанд.