Ифтитоҳи бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд
Опубликовано ср, 24/10/2018 - 11:55 пользователем tvt24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нав нахуст бо пахши тугма ба фаъолияти телевизиони «Суғд» дар формати дақиқияташ баланди HD оғози расмӣ бахшиданд.