Президент

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, иштирок дар Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» дар Қасри Арбоб

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар тантанаҳои Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» иштирок карданд.

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон ширкат карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тобонидани ҷумак ба фаъолияти Шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Ифтитоҳи бинои Мактаби санъат дар шаҳри Гулистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Мактаби санъатро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ карданд.

Бинои мактаби санъат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 135 ҷойи нишаст мебошад.

Страницы