Президент

Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа

Пас аз ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, корхонаи азими сементбарорӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Ёвон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Қурғонтеппа – маркази вилояти Хатлон ташриф овард.

Пешвои миллат: Роҳсозони тоҷик тавонистанд таҷрибаи худро доир ба сохтмони нақб ва пулҳои қаторагард такмил диҳанд

Бунёди роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб моҳи марти соли 2009 дар арафаи ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи суннати ободгаронаи миллати мо оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ ба иншооти дӯстиву ҳамкорӣ табдил ёфт. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими ба истифода супоридани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб иброз намуд.

Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди муназзами иқтисодиёти кишварро бе ташкили инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ таъмин намудан ғайриимкон аст»

Бо назардошти он, ки рушди муназзами иқтисодиёти кишварро бе ташкили инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ таъмин намудан ғайриимкон аст, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба масъалаи бунёди роҳҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, то ба имрӯз барои аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудани кишвар ва ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ амалӣ карда шудаанд.

Страницы