Президент

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд”

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 январи соли 2017 №31
ш. Душанбе

Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани
раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

Ба имзо расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд”

25 январи соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд” ба имзо расид.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов

Нимаи дуюми рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шуваловро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Страницы