Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон ба Тоҷикистон омад
Опубликовано пн, 30/10/2017 - 10:26 пользователем tvtАра Баблоян, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон шоми 29 октябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат иттилоъ доданд, ки меҳмони баландпояро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ ва дигар шахсони масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагон истиқбол намуданд.