Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вакилони Парлумони Аврупо

Нимаи дуюми рӯзи 3 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии хонум Иветта Григулле Петерс, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 6-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Анҷоми сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Имрӯз сафари расмии Президенти Туркманистон дар Тоҷикистон идома ёфт. Дар доираи сафар Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзараҳои нотакрори кишвари биҳиштосои мо дар ноҳияи Варзоб ва боғи пур аз гулу дарахтони нодири Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Тоҷикистон ва Япония баргузории анҷуманҳои соҳибкориву нишастҳои солонаро баррасӣ карданд

Вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Иттиҳодияи Япония оид ба савдо бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO), ҳамзамон раиси Шӯрои мудирони ширкати «Kawasaki Heavy Industries» Шигэру Мураяма 1 ноябр баргузор гардид.

Страницы