Тоҷикистон ва ҷаҳон

Сарвазири Ироқ дар бораи шикасти ҳарбии гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» хабар дод

Ироқ гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) шикасти ҳарбӣ дод, вале ғалабаи ниҳоӣ пас аз пок сохтани минтақаҳои саҳроии кишвар эълон хоҳад шуд. Дар ин бора сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ зимни суханрониаш, ки тавассути телевизиони давлатӣ пахш мегардид, изҳор дошт.

В.Путин: «Ояндаи наздик дар Сурия ба мубориза бар зидди терроризм нуқта гузошта мешавад»

Ояндаи наздик дар Сурия ба мубориза бар зидди терроризм нуқтаи ниҳоӣ гузошта мешавад, ҳарчанд ки мабдаҳои ин мушкилот боз пайдо хоҳанд шуд.

«Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» арзиши чиптаро дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд арзон кард

Ширкати   ҳавонавардии миллии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ»  арзиши  чиптаҳои ҳавопайморо дар самти Душанбе – Тошканд то 200 сомонӣ арзон намуд. Дар ин хусус маркази матбуоти ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» иттилоъ медиҳад.

Страницы