Тоҷикистон ва ҷаҳон

Донишкадаи идоракунии давлатӣ Соли ҷавононро муваффақона ҷамъбаст намуд

Бахшида ба ҷамъбасти Соли ҷавонон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид.

Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид мегардад

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар Душанбе боз 90 майдони варзишӣ ва гулгаштҳои нав бунёд мешаванд

Имсол танҳо дар шаҳри Душанбе 75 майдону марказҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд гардида, дар аксари гулгаштҳо ва боғҳои фароғату истироҳат ҷойҳои алоҳидаи машқу тамрин сохта шуданд, ки ин ҳама ба оммавигардонии варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.

Страницы