Тоҷикистон ва ҷаҳон

«ШАҲРИ АФСОНАҲО». Имрӯз дар Сирки давлатии Тоҷикистон намоиши кӯдаконаи солинавӣ баргузор мегардад

Тавре қаблан хабар дода  будем,  тибқи нақшаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ   имрӯз, соати 13:00 дар Сирки давлатии Тоҷикистон  намоиши кӯдаконаи солинавии «Шаҳри афсонаҳо»  баргузор мегардад.

Дар пойтахт бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ навсозии як силсила иншооти коммуникатсионӣ оғоз гардид

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба вусъати корҳои ободонию навсозӣ  дирӯз дар пойтахт бо иштироки  Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  навсозии як силсила иншооти коммуникатсионӣ оғоз гардид.

Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ гардиданд.

Страницы