Тоҷикистон ва ҷаҳон

Тоҷикистон аз ҳақи ширкат дар Ҷоми Осиё-2019 маҳрум шуд

Имрӯз, 27-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Манилаи кишвари Филиппин бозии ниҳоии даври муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 байни тимҳои Филиппин ва Тоҷикистон дар гурӯҳи “F” баргузор шуд. Қисми аввали дидор начандон ҳолатҳои хатарнокро ба бор овард. Тақдири бозӣ дар қисми дуюми нерусанҷӣ ҳалу фасл шуд.

Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2018» дар «Кохи Борбад» оғоз меёбад

Пагоҳ дар  Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018»  оғоз меёбад. Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, то 31 марти соли равон  дар  Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» -и Душанбе идома меёбад.

Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

26 марти соли 2018 дар ҳошияи Конфронси Тошканд оид ба Афғонистон зери унвони «Раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар бахши амният ва  мушорикати минтақавӣ» вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини дар сиғаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо  баргузор гардид.

Страницы