Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн
Опубликовано чт, 23/06/2016 - 17:02 пользователем tvtНимаи дуюми рӯзи 23 июн дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот кард.


Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов мулоқот кард.