Тоҳир Муъминов сармураббии нави бошгоҳи ССКА «Помир» интихоб шуд
Опубликовано чт, 21/07/2016 - 17:25 пользователем adminМақоми сармураббии дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе бе роҳбар дер давом накард. Дар ин мақом Раҳматулло Фузайловро, ки дирӯз аз вазифааш барканор шуд, Тоҳир Муъминов, мураббии кордону таҷрибадор ва яке аз ҳамлагари беҳтарини дастаи мунтахаби кишвар иваз намуд. Охирин бошгоҳе, ки Муъминов то ин дам фаъолият дошт, дастаи «Равшан»-и Кӯлоб буд.