Анвар Юнусов аз ҳуқуқи мубориза барои медалҳои олимпӣ маҳрум гардид
Опубликовано ср, 10/08/2016 - 12:07 пользователем adminМуштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов ҳангоми муҳориба бо ҳарифаш Робсон Консейкао аз Бразилия бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар қувваозмоии шаби гузашта баъди раунди аввал Анвар Юнусов бо иллати дарди дасти росташ аз идомаи рақобат даст кашид ва Робсон Консейкао ба даври баъдии мусобиқа роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дасти рости Анвар Юнусов дар гузашта ҷарроҳӣ шуда буд ва дар қувваозмоӣ бо Ҷун Шан, муштзани чинӣ дар даври аввали мусобиқот (6 август)