Хабар

Бо Қарори махсуси Ҳукумати мамлакат ҷашнҳои таърихии шахсиятҳои таърихӣ — Ҳаким Тирмизӣ, Закариёи Розӣ ва Ғаффор Валаматзода таҷлил мешаванд

100-солагии зодрӯзи устоди санъати касбии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода, 1250-солагии мутаффакири тоҷик Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн машҳур ба номи Ҳаким Тирмизӣ ва 1150-солагии зодрӯзи олим ва мутаффакири Шарқ Закариёи Розӣ давоми соли 2016 дар Тоҷикистон ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад.

ММТ: Довталабоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок карда натавонистанд, барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ бояд ариза пешниҳод намоянд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба иттилои довталабоне, ки дар давраҳои асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавониста, хоҳиши дар даври иловагӣ супоридани имтиҳонҳоро доранд, мерасонем, ки чунин хоҳишмандон барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ бояд ариза пешниҳод намоянд.

Вохӯрии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва Қирғизистон (U-21) дар варзишгоҳи «Авиатор»

12 июл дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар як бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби то 21-солаи Қирғизистон вориди майдон мешаванд.
Футболбозони кишварамон таҳти роҳбарии сармураббии нави худ Виталий Левченко ба бозиҳои ниҳоии «Чемпионати Осиё-2016», ки тирамоҳ дар Баҳрайн доир мегардад, имрӯзҳо дар шаҳри Норак омодагӣ мегиранд. Ин аввалин бозии таҷрибавии дастаи мунтахаб зери роҳбарии мураббиёни нав хоҳад буд.

Страницы