Хабар

Рӯзҳои наздик ҳавошиносон эҳтимоли паст шудани ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ менамоянд

 Рӯзҳои наздик ҳавошиносон дар миқёси ҷумҳурӣ эҳтимоли паст шудани ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ менамоянд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 30 июл дар  тамоми минтақаҳои  Тоҷикистон ҳарорати ҳаво 7- 8 дараҷа поён рафта, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.
Имрӯз дар минтақаҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ҳаво рӯзона гарм шуда, то 37 дараҷа, дар минтақаҳои кӯҳӣ то 32 дараҷа гарм мешавад.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Қисми низомии 2133 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Қисми низомии 2133 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.

Аснои боздид дар Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, нахуст бо низоми фаъолият дар ин отряди муҳими сарҳадӣ, ки дорои тамоми ҷузъу томҳои муосири марзбонӣ ва дидбонгоҳҳои навбудёду замонавӣ мебошад шиносоӣ пайдо намуд.

Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуд.

Страницы