Хабар

Мақомсароёни тоҷик дар Фестивали байналхалқии Шашмақом дар Исроил ширкат варзиданд

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Академияи мақоми Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Озода Ашӯрова дар Фестивали байналхалқии Шашмақом дар Исроил ширкат варзиданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар Суғд барои 1061 нафар шаҳрвандон ҷойи кор муҳайё гардид

Бо фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ соли равон ба иқтисодиёти вилояти Суғд ба маблағи 230,7 млн. доллари ИМА сармоягузории хориҷӣ ва 28,2 млн. доллари ИМА сармояи дохилӣ ҷалб гардид. Дар маҷмӯъ суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2015, 123,8 фоизро ташкил дод. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Сафири навтаъйини Афғонистон дар Тоҷикистон Залмай Юнусӣ нусхаҳои эътимодномаи худро ба Сироҷидин Аслов супорид

20 декабри соли 2016 Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Юнусӣ нусхаҳои эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов тақдим намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Страницы