Хабар

Эмомалӣ Раҳмон: «Итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик мо ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем»

Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ёдовар шуда, зикр карданд: «Бо дарназардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем.

Пешвои миллат: «Занону духтарон бояд бештар дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа ва шуғл ба кор ҷалб карда шаванд»

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон пайваста дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Ин нуктаро имрӯз дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Президенти мамлакат: «90 фоизи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мегардад»

Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад. Чунин гуфт имрӯз дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Страницы