Хабар

Дастаи ҷавонони футзали Тоҷикистон ба сабади сеюм ҷойгир шуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон ба сабади сеюми Чемпионати Осиё оид ба футзал ҷойгир шуд. Дар ин бора сайти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) хабар медиҳад.

Дар ВМКБ рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил карданд

Ба муносибати 24-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати мазкур, ҷузъу томҳои он, инчунин собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят ва толибилмони литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ ҷамъомади идона баргузор га

Имрӯз дар қаламрави кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад

Имрӯз дар қаламрави кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Вале дар баъзе минтақаҳо ва шоҳроҳҳои кӯҳӣ хавфи тармафароӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад.

Страницы