Хабар
«Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи «Аҳал»-и Туркманистонро мағлуб намуд
Опубликовано ср, 02/05/2018 - 10:00 пользователем tvtШоми дирӯз дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин дидор дар шаҳри Балканободи Ашхободи Туркманистон дар ҳузӯри мухлисони сершумор баргузор гардид. Фатҳулло Фатҳуллоев бозингари дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар дақиқаи 51-ум голи ягона дидори мазкурро ба ҳадаф расонид.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ дар баландиҳои 2500 метр барф меборад
Опубликовано ср, 02/05/2018 - 09:15 пользователем tvtБа иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст.
Имрӯз, 2 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кутоҳмуддат дар назар аст. Дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +8 +13 ва рӯзона +22 +27 дараҷа гарм мешавад.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 2280
- 2281
- 2282
- 2283
- 2284
- 2285
- 2286
- 2287
- 2288
- …
- следующая ›
- последняя »

