Хабар

ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ. Ба таври махсус ҳифз гардидани он дар Тоҷикистон аз ҳисси баланди масъулиятшиносии мутахассисони соҳа дарак медиҳад

Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 июл дар шаҳри Душанбе бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Канада, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Покистон Конфронси байналмилалии илмиву амалии «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» доир гардид. Конфронси мазкур  29 июл дар мавзеи Хоҷа Сангхоки Ҷамоати деҳоти Зидде

Дар Тоҷикистон беш аз 10,7 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардидааст

Соли равон дар мамлакат бо дарназардошти неругоҳҳои хурд беш аз 10,7 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209,3 миллион кВт зиёд буда, суръати афзоиш 103,3 фоиз таъмин гардидааст. Дар ин хусус Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО. Варзишгарони тоҷик аз он бо 7 медал ба Ватан бармегарданд

Дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни наврасону ҷавонон, ки аз 27 то 30 июл дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, паҳавонони тоҷик ба гирифтани 7 медал мушарраф гардиданд.  

Страницы