Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Лахш мулоқот намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди сокинони ноҳияи Лахш, ки барои мулоқот бо роҳбари хеш дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Сумая» шинос шуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Сумая» шинос шуданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Лахш

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Сараввал ҳамаи шумо, сокинони заҳматпешаву меҳмоннавози ноҳияи Лахшро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки рӯзи 27 июн таҷлил мегардад, табрик мегӯям ва барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба ҳар кадоми шумо саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва барори кор орзу менамоям.

Страницы