Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ду кишвар идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Ҳукумати ин кишвар барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Таъкид гардид, ки мулоқоти имрӯзаро мо имкони баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкории кишварҳо дар ҳама ҷанбаҳо мешуморем.

«Тоҷикистон ба робитаҳои дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ бо Ҷумҳурии Беларус, ки аллакай характери шарикии стратегиро касб кардааст, баҳои баланд медиҳад», — таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар навбати худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишвараш хайрамақдам гуфта, аз имкону дидору мулоқоти созанда изҳори хушнудӣ намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ҷараён гирифт, омодагии худро барои таҳкими муколамаи сиёсии сатҳи олӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни мамлакатҳо изҳор доштанд.

Чунин омодагӣ ҳамзамон барои ба роҳ мондани робитаи зичу пурсамар байни минтақаҳои ду кишвар ва субектҳои хоҷагидори Тоҷикистону Беларус таъкид шуд.

Зикр гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои судманд истифодаи фаъоли сохтори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зарур аст.

Ҳар ду ҷониб аз сатҳи рушди робитаҳо дар соҳаи саноат, аз ҷумла таъсиси корхонаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор оид ба бастубанди техникаи кишоварзии беларусӣ ва хизматрасонии техникӣ, ташкили коргоҳ оид ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар шаҳри Душанбе, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти ширию гуштӣ, афзоиши содироти меваю хушкмеваҳо ба Беларус ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар табодули андеша карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими бар нафъи мардумони кишварҳо, дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҳамкории муассисаҳои олии таълими Тоҷикистону Беларус, азнавсозии парки нақлиётии шаҳри Душанбе бо харидории троллейбусҳои истеҳсоли Беларус ва дигар мавзуъҳо баррасӣ гардид.

Ҳамкории зичу пурсамари ду кишвар дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ аз қабили СММ, САҲА, ИДМ ва СААД махсус таъкид карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти сартосарӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамгироӣ дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, радикализм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои кибернетикиро муҳокима карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: