Хабар

Президенти Тоҷикистон даъват намуданд, ки талошҳо дар мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ дучанд карда шаванд

ТВТ.14.10.2022. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки талошҳои муштарак дар самти мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ дучанд карда шаванд. Дар ин бора Пешвои миллат  13 октябр дар Остона дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) изҳор доштанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд

ТВТ. 14.10.2022. 14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Россия ва Қирғизистон

ТВТ.14.10.2022. 13 октябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси ҷониби Россия мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор гард

Страницы