Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд
Опубликовано чт, 03/04/2025 - 22:12 пользователем tvtДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.