Ҳақиқати раднопазир
Опубликовано пн, 14/10/2024 - 17:49 пользователем tvtДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари навбатии кориро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ бо сокинон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.