ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Шуруъ аз соли 2021 ба Тоҷикистон 1596 воситаи нақлиёти барқӣ ворид гардид
Опубликовано вт, 25/07/2023 - 15:44 пользователем tvtИмрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ маҳсуб мешавад. Аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки нақлиёти автомобилӣ ба ҳайси соҳаи алоҳида дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳанӯз 25 июли соли 1939 таъсис ёфтааст. Он солҳо Комиссариати халқӣ оид ба нақлиёти автомобилии Тоҷикистон ташкил шуда, хоҷагиҳои автомобилии алоҳида, базаҳои автомобилӣ ва корхонаҳои таъмири автомобилҳо муттаҳид гаштанд.