Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019 оғоз гардид
Опубликовано пт, 03/05/2019 - 12:02 пользователем admin
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2019 тасдиқ гардид.


Дирӯз, тахминан соати 21:00-дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе дар натиҷаи боришоти зиёди борон яке аз чоҳҳои амудӣ (калодетс) пур аз об шуда, ба ноқилҳои баландшиддати қувваи барқ, ки аз зери замин мегузаштанд об расида, расишҳои кӯтоҳи барқӣ ба амал омад, ки он сабаби ба вуқӯъ пайвастани садамаи хурд гардид.
Бо мақсади такмили донишу малакаи кормандони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар самти таҳия ва таҳлили лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва маблағгузории онҳо дар Душанбе дар мавзӯи «Таҳлили лоиҳаҳо ва маблағгузориҳои онҳо» давраи омӯзишӣ оғоз гардид.