ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказӣ мувақатан маҳдуд мегардад

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба диққати ҳамаи шаҳрвандон, меҳмонон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мерасонад, ки бинобар баргузории маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони И.Сомонӣ 30 октябри соли 2020 аз соати 06:00 субҳ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Шоҳтемур, аз кӯчаи И.Сомонӣ то Бухоро-кӯчаи Ҷ.Икромӣ, аз кӯчаи Шевченко то хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Теҳрон, аз кӯчаи Шероз то М.Турсунзода, кӯчаи Бохтар, аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи М.Миршакар, хиёбони Рӯдакӣ- аз кӯчаи Карамов то Бухоро, кӯчаи У.Хайём, аз кӯчаи Шарқ то кӯчаи Карамов ва кӯчаи И.Сомонӣ — гардиши кӯчаи Ҳ.Шерозӣ то анҷоми паради низомӣ  муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Мирзохон Саидов хабар дод.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва  меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз аз кӯчаҳои С.Айнӣ, С.Шерозӣ, А. Дониш, Дӯстии халқҳо то давродаври кӯчаи Лоҳутӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ  ва дигар кӯчаҳои ба ин минтақаҳои роҳ ҳамшафат бо риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода баранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: