16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Парандапарвар”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти тирамоҳии гандум оғоз бахшиданд.
Дар ҳузури Пешвои миллат дар масоҳати 5,5 гектар замини обӣ, ки пас аз дарави маккаи дон холӣ шуда буд, дар кишти тирамоҳӣ гандуми тухмии вилояти Краснодари Федератсияи Россия кишт карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Россия ба вилояти Суғд аз шаҳри Краснодар ба миқдори 1000 тонна тухмии гандуми “безостая” ворид гардид, ки барои дар 5000 гектар ба роҳ мондани парвариши ғалла дар кишти такрорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ба андешаи мутахассисон, ҳосилнокии тухмии мазкур аз 80 то 100 сентнериро дар заминҳои обӣ ташкил медиҳад.
Хоҷагидорони “Парандапарвар” ҳамасола дар заминҳои обии худ кишти сабзавот, полезӣ ва дигар меваю маҳсулоти кишоварзӣ мегузаронанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба рияои қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат, таъмини амнияти озуқаворӣ, обёрии заминҳо, истеҳсол, захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят карданд.
Ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин восита беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми меҳнаткашон бобати истифодаи самараноки замин, ки сабаби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маводи мавриди ниёзи аввал ва таъмини амнияти озуқаворӣ мегардад, таҳсин хонданд.
АМИТ «Ховар»