5 сентябри соли равон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 намоиш таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ меёбад.
Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон 25 адад асар аз эҷодиёти рассомони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр, кӯлу дарёҳо ва чашмасорони кишвар наққошӣ шуда, сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаи оби мусаффо муаррифӣ менамоянд.
«Намоиши «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд то 30 сентябри соли ҷорӣ идома ёфта, ҳамзамон дар намоиш филми «Тоҷикистон-кишвари обҳои равонбахш» пешниҳоди тамошобинон мегардад»,-зикр намуд манбаъ.
Бояд ёдовар шуд, ки 22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эъломи Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қабул намуд.
АМИТ "Ховар"