Бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» доир мегардад. Фестивал-озмун ба хотири дар замири ҷавонон тарбия намудани эҳсоси эҳтиром нисбат ба Соли ҷавонон ва таҷлили сазовори 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, беҳтарин имконият барои дарёфти падидаҳои ҷавон дар соҳаи фарҳангу ҳунар мебошад.
Барномаи нахустин дар доираи ин Фестивал 7 октябр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар вилояти Хатлон баргузор шуд. Дар Фестивал-озмун беҳтарин ҳунармандони наврасу ҷавони вилояти Хатлон 27 номгӯи ҳунариро ба намоиш гузоштанд.
Ғолибони озмун бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои молиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. Баргузории чунин Фестивал дар дигар минтақаҳои кишвар низ дар назар дошта шудааст.
АМИТ"ХОВАР"