Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи мазкур Нуъмон Абдуғафорзода, сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ Анварҷон Ализода ва роҳбарони 43 ширкати сайёҳӣ ҷаласа баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Анварҷон Ализода оид ба шуъбачаи нав таъсисдодашудаи сайёҳии милитсияи дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД, вазифаҳои онҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кумак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбат ба сайёҳон муфассал маълумот дод.
Зикр гардид, ки агар лозим шавад бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки шуъбачаи мазкур бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти корҳои дохилӣ нав таъсис ёфта, дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият менамояд. Кормандони шуъбачаи мазкур бо якчанд забони хориҷӣ озодона муошират намуда, мутахассиси соҳаи худ мебошанд.
Ба зикри манбаъ, ширкатҳо аз вохӯрӣ бо сохтори навтаъсиси мақомоти корҳои дохилӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор карданд, ки дар оянда ҳамкориро бо ин ниҳоди навтаъсис зич ба роҳ мемонанд.
АМИТ«Ховар»