Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ 10 август бахшида ба Рӯзи варзишгарон барномаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ, инчунин суҳбату мулоқот бо варзишгарон ва собиқадорони варзиш доир гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дирӯз соати 6:30 дар боғҳои назди Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Сирки давлатӣ, боғи Рӯдакӣ, саҳни бинои Тетри давлатии опера ва балет ва Варзишгоҳи марказӣ беш аз 1000 нафар наврасону ҷавонон машқи пагоҳирӯзӣ намуданд.
Дар толори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин» ифтитоҳи расмии Рӯзи варзишгарон бо иштироки варзишгарону мураббиён ва собиқадорони соҳаи варзиш баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода варзишгарон ва собиқадоронро ба муносибати иди касбияшон самимона шодбош гуфт.
Дар робита ба ин ид дирӯз дар ҷамъомаде, ки дар ноҳияи Варзоб доир гардид, ба 30 нафар собиқадорони соҳаи варзиш, 30 нафар варзишгарони муваффақ ва 16 нафар собиқадорони соҳаи футбол туҳфаҳои молию пулӣ тақдим гардиданд.
Манбаъ: АМИТ "Ховар"