Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовинони Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудозода Давлатмо Бахтибек аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, Усмонзода Шоғуфрон – Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазифа озод ва барои ба вазифаи муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин намудани Мирзонаботов Алишер Худобердиевич, муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардидани Амирбекзода Назира, Иматшозода Анвар Иматшо ва Носиров Умедҷон розигӣ дода шуд.
Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал бароварда шуд.
Сардорони шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб, инчунин сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҳамзамон сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, ба вазифаҳои сардорони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва Рӯшон аз ҳисоби муттахассисони варзида, кордону поквиҷдон ва содиқ ба давлату миллат ба вазифаҳо таъин карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот карда, аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, қонунвайронкунӣ, фаъолияти номукаммали мақомоти дахлдори давлатӣ доир ба таъмини волоияти қонун ва бартараф намудани ҷинояткории муташаккил ва амалҳои нангин, инчунин дигар камбудиҳо изҳори нигаронӣ карда буданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштани силоҳ, убури гайриқонунии сарҳад, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди нашъамандӣ ва тарбияи насли солиму солеҳ дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар хизматчиёни давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Президенти мамлакат ба кадрҳое ки дар сатҳи роҳбарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, суд ва корҳои дохилӣ таъин гардиданд, вазифаҳои мушаххас гузошта, онҳоро барои ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти ҳукумати вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷойдошта, таъмини волоияти қонун ва татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.
«Беҳбудии сатҳи зиндагии ҳар як сокини вилоят, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва решакан кардани омилҳои монеи рушду пешрафти вилоят аз фаъолияти шаффоф, матонату ҷасорат ва поквиҷдонии ҳар яки Шумо вобастагӣ дорад» – таъкид намуданд Сарвари давлат дар ҷамъбасти суҳбат.
АМИТ «Ховар»